Noble Quran » Тоҷики » Sorah Quraish

Choose the reader


Тоҷики

Sorah Quraish - Verses Number 4
لِإِيلَافِ قُرَيْشٍ ( 1 ) Quraish - Ayaa 1
Барои шукри улфату амни Қурайш;
إِيلَافِهِمْ رِحْلَةَ الشِّتَاءِ وَالصَّيْفِ ( 2 ) Quraish - Ayaa 2
улфату амнашон дар сафари зимистониву тобистонӣ»
فَلْيَعْبُدُوا رَبَّ هَٰذَا الْبَيْتِ ( 3 ) Quraish - Ayaa 3
Пас бояд Парвардигори ин хонаро (Каъбаро) бипарастанд:
الَّذِي أَطْعَمَهُم مِّن جُوعٍ وَآمَنَهُم مِّنْ خَوْفٍ ( 4 ) Quraish - Ayaa 4
он ки ба ҳангоми гуруснагӣ таъомашон дод ва аз хавф дар амонашон дошт.

Random Books

  • Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт! Таҳлил, баррасӣ, аҳком, назарот, ва пешгўиҳоИн китобча дар бораи ҳукми тамоку ё сигор кашидан ва зарарҳои он мебошад, муаллиф баён мекунад ки сигор ба як вабои аср табдил ёфтааст. Ва чигуна бояд аз вай дури ҷуст.

    Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Reveiwers : Мисбоҳиддини Ҳомид

    Source : http://www.islamhouse.com/p/294967

    Download :Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт! Таҳлил, баррасӣ, аҳком, назарот, ва пешгўиҳоТамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт! Таҳлил, баррасӣ, аҳком, назарот, ва пешгўиҳо

  • ҲАҷ Таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми онМаросими ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом буда, тавонмандии (иститоъати) ҷисмӣ ва молӣ шарти вуҷуб ва дуруст гардидани баргузории ин барномаи ибодӣ ва суннати иброҳимӣ мебошад. Бинобар ин, барои шинохти дурусти ҷавҳар ва моҳияти ин рукни бузурги бинои Ислом ва ҳарчи комилтар ба ҷой овардани аъмол ва маносики он китоби ҳозир пешкаши хонандагони азиз мегардад. Дар ин китоб нахуст моҳият, фалсафа, ҷанбаҳои динӣ-иҷтимоъӣ ва давраҳои гуногуни он дар тўли таърих, ҳамчунин ҳаҷҷи Паёмбари Худо (с) баён мешаванд. Сипас, аъмол ва маносики ҳаҷ бо тартиббандии тозае манзури хонанда мегардад. Пас аз он дуъоҳо ва зикрҳои муҳимме, ки дар рафти баргузории маносики ҳаҷ гуфта мешаванд ва ба дунболи он тавсияҳои зарурӣ барои шахси ҳаҷгузор зикр карда мешаванд. Дар охир баъзе истилоҳот, номҳои ҷуғрофӣ ва калимаҳои ноошно шарҳ ва тавзеҳ дода мешаванд.

    Formation : Абдушшариф Боқизода

    Source : http://www.islamhouse.com/p/252724

    Download :ҲАҷ Таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми он

  • ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: УСМОН (Р) ВА АЛӢ (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)Ин китоб, ки бо унвони «Сеҳрайн» маъруф аст, ҷилди дуюми китоби «Шайхайн» (Таърихи хулафои рошидин: Абубакр (р) ва Умар (р)) буда, роҷеъ ба зиндагӣ, футуҳот ва шаҳодати ду халифаи рошид, домодҳои паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с): Усмон (р) ва Алӣ (р) маълумот медиҳад ва барои доираи васеъи хонандагон пешкаш карда мешавад.

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/339648

    Download :ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: УСМОН (Р) ВА АЛӢ (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: УСМОН (Р) ВА АЛӢ (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)

  • Саргузашти имом АбуҳанифаИн китоб қисми аввали аз саргузашти имом Абуҳанифа мебошад. Нависанда дар ин китоб дар бораи нашъунамо ва талаби илму, устодони имом Абуҳанифа суҳбат мекунад.

    Formation : Мисбоҳиддини Ҳомид

    Reveiwers : Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи

    Source : http://www.islamhouse.com/p/204700

    Download :Саргузашти имом АбуҳанифаСаргузашти имом Абуҳанифа

  • Ашке бар тавҳидТамоми Паёмбарон мардумро фақат басуи як чиз даъват мекарданд, ва онҳам он буд, ки мегуфтанд: эй мардум! Фақат Худовандро ибодат кунед барои шумо ба ҷуз як Худо дигар Худое нест. Бародарону хоҳарони азиз! Оё медонед маъноӣ ибодат чист ? Маъноӣ ибодат: Яъне муҳаббату итоъату назру қурбони, ҳама бояд бароӣ Худо бошад. Ва бо дигар маъно: Ягона донистани Худованд бо дил, ва ягона донистани Худованд дар амал. Маъноӣ ягона донистани Худованд бо дил: Яъне дар дустдориву муҳабати Худованд ягон касро ба У баробар накардан, ва дар тарси аз Худо, ягон касро ба У баробар накардан, ва дар зориву илтиҷо ба суӣ Худо, ягон касро ба У баробар накардан, ва ба ғайр аз Худованд ба ягон кас тавакал накардан, ва ғайраҳо. Маъноӣ ягона донистани Худованд дар амал: Яъне дуъо накардан магар ба суӣ Худо, кумак талаб накардан, магар аз Худо, ва қурбониву назр накардан магар ба номи Худо, ва қасам нахурдан магар ба номи Худо, ва ғайраҳо.

    Formation : Умар Хатлони

    Source : http://www.islamhouse.com/p/292785

    Download :Ашке бар тавҳидАшке бар тавҳид

Choose language

Choose Sorah

Random Books

Choose tafseer

Participate

Bookmark and Share