Noble Quran » Тоҷики » Books » ХУШБАХТТАРИН ЗАН ДАР ОЛАМ

  • ХУШБАХТТАРИН ЗАН ДАР ОЛАМ

    Ин китоб номаи пурмасъулиятест аз самими қалби пурмуҳаббати муаллиф барои тамоми занҳо, хусусан модарон ва хоҳарони мусулмон. Ин китоб номаи пурмўҳтавоест, ки ақл онро пазируфта ва шариати исломӣ онро роҳнамоӣ кардааст. Бешак, ин нома ҳар як зани мўъмин ва фозилро ба оғоз намудани зиндагии беҳтару босаодат фаро мехонад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки пур аз орзуву ҳавасҳои нек асту осудахотирию оромиро кафолат медиҳад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки саросар қаноату яқин, виқору ҳаё, ифтихору комёбӣ, муҳаббату улфат ва унсгирӣ бо зикру ёди Худои меҳрубон мебошад.

    Formation : Оиз ибни Абдуллоҳ Ал-Қарни

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/327119

    Download :ХУШБАХТТАРИН ЗАН ДАР ОЛАМ

Random Books

  • ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢСипас аз олимон касоне буданд, ки чил (ҳадис)-ро дар усули дин, баъзеи онҳо дар фурўъ, баъзеи онҳо дар ҷиҳод, баъзеи онҳо дар зўҳд (парҳезгорӣ), баъзеи онҳо дар адаб ва баъзеи дигар дар хутба гуфтан ҷамъ кардаанд ва ҳамаи онҳо ниятҳои некў доштанд; Худо аз қосидони ин корҳо хушнуд бод. Ба дурустӣ, лозим донистам чил ҳадисеро ҷамъоварӣ намоям, ки муҳимтар аз ҳамаи онҳост, он чил ҳадисе аст, ки ҳамаи он мавзўъҳо (-и дар боло зикршударо) дар бар мегирад, ҳар яке аз он (ҳадис) пояи бузурге аз пояҳои дин аст, чунон ки олимон васф кардаанд, ки меҳвари ислом, ё нисфи ислом, ё сеяки ислом ва ё монанди он аст.

    Formation : Абу Закариё Аннавави

    Source : http://www.islamhouse.com/p/328848

    Download :ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ

  • Издивоҷи мутъа аз дидгоҳи Аҳли СуннатПаёмбар (Дуову дуруд бар Ӯ бод) мефармояд: «Гурӯҳе аз умматони ман дар охируз-замон зиноро ба ғайри номаш мехонанд» (Ҳадиси шариф) Издивоҷи мутъаро инчунин издивоҷи муваққат, мунқатеъ ва сиға меноманд. Аз он сабаб мутъа номида шудааст, ки мард аз он зан дар муддате, ки қарор бастаанд, нафъу лаззат ва таматтӯъ мебардорад.

    Source : http://www.islamhouse.com/p/354827

    Download :Издивоҷи мутъа аз дидгоҳи Аҳли СуннатИздивоҷи мутъа аз дидгоҳи Аҳли Суннат

  • НАЗАРИ УЛАМОИ МУОСИРИ ТОҶИК ДАР МАВРИДИ САҲОБАИқтибос аз китобӣ «ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМ» Мардуми мусалмони тоҷик аз ҳамон ибтидои пазириши Ислом пайрави аҳли суннат ва ҷамъоат буда, дилҳои эшон дар тўли таърихи наздик ба якуним ҳазор сол аз муҳаббати саҳобагони Расули акрам (с) ва дигар бузургони садри Ислом лабрез мебошад. Онҳо дар муҳаббати асҳоб ва ёрони Паёмбар (с) аз ифроту тафрит дурӣ намуда, дар шинохти фазлу азамат ва ҷойгоҳи рафеъи эшон равиши эътидолро дар пеш гирифтаанд. Инак, назари чанд тан аз шахсиятҳои барҷаста ва ходимони намоёни динро дар бораи мақом ва ҷойгоҳи саҳобагони Расули акрам (с) ва бузургони садри Ислом манзури хонандагон менамоем. Онҳо бо мутолиъаи назари ин бузургон метавонанд мавқеъи феълии донишмандон ва ҳамин тавр мардуми мусалмони тоҷикро дар бораи бузургон ва пешвоёни садри аввал ба даст оваранд.

    Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/373105

    Download :НАЗАРИ УЛАМОИ МУОСИРИ ТОҶИК ДАР МАВРИДИ САҲОБАНАЗАРИ УЛАМОИ МУОСИРИ ТОҶИК ДАР МАВРИДИ САҲОБА

  • ТавҳидИн китоб дарбаргирандаи фанни тавҳид буда, барои шогирдони мадориси ибтидои муқаррар шудааст. Дар он муҳимтарин мавзўъҳои тавҳид бо услуби кутоҳ ва равшан баён гардидааст. Китоби мазкур муҳимтарин масоили тавҳид ва яктопарастиро фаро гирифта, дорои фавоиди гаронбаҳои тарбияви ва ахлоқист.

    Formation : عبد العزيز بن محمد آل عبد اللطيف

    Translators : Абдулҳалим Ъорифи

    From issues : Муассисаи Вақфи Исломи

    Source : http://www.islamhouse.com/p/212764

    Download :Тавҳид

  • Аҳли Байт аз худ дифоъ мекунандАҳли Байт аз худ дифоъ мекунанд : Ин китобро яке аз олимони Шиъа навиштааст, ва дар он баъзе аз таноқузоти шиъаро баён кардааст, ва мавзуъҳои зиёдеро дар бар гирифтааст монанди : Дар бораи Абдуллоҳ ибни Сабо, ва ҳақиқати пайравии шиъа аҳли байтро, ва таъна задани шиъа Паёмбари Исломро ва саҳобагони киромро, ва ин чунин дар масалаи мутъа ва он хурофоте ки дар бораи он сухан мегуянд, ва инчунин хумс, ва дар бораи ақидаи шиъа дар китобҳои осмони ва ақидаи онҳо дар бораи Аҳли Суннат.

    Formation : Ҳусейни ал-Мусави

    Translators : Чаводи Мунтазири

    Source : http://www.islamhouse.com/p/244087

    Download :Аҳли Байт аз худ дифоъ мекунанд

Choose language

Choose Sorah

Choose tafseer

Participate

Bookmark and Share